Шуъбаҳои нав дар Маркази миллии тиббӣ

Январь 15, 2013 15:08

Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар Маркази миллии тиббӣ шуъбаи нави эндоурологӣ ба кор шурўъ кард.  Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, дар шуъба бо дастрасии таҷҳизоти наву замонавӣ, ки истеҳсоли Олмон аст, бо роҳи пўшида ҷарроҳиҳои мухталиф аз ҷониби мутахассисони тоҷик роҳандозӣ хоҳанд шуд. Дар ин шуъба гирифторони бемориҳои аденомаи ғадуди простата, сангҳои найчадон, омосҳои роҳҳои пешобгузар ва дигар бемориҳои сангҳои гурда ва роҳҳои пешоб дар кўтоҳтарин муддат ҷарроҳӣ мешаванд.Ба гуфти манбаъ, то имрўз гирифторони чунин бемориҳо бо роҳи кушода ҷарроҳӣ шуда, то 15 рўз бистарӣ мешуданд, имрўз онҳо бо роҳи пўшида, яъне эндовидеоҷарроҳӣ дар муддати кўтоҳ: 2-3 рўз бистарӣ гардида, табобат меёбанд.Бояд гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасии таҷҳизоти пешқадами муосир ва таъмири ҳуҷраи ҷарроҳӣ маблағи беш аз 720 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Ҳамчунин дар шуъбаи қабули Маркази миллии тиббӣ толори ҷарроҳӣ ба кор шурўъ кард, ки он бо масрафи 165 ҳазор сомонӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таҷҳиз гардидааст.

Январь 15, 2013 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст