Солим бош- бе маводи мухаддир

Январь 21, 2013 15:01

Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, дар маҷмааи варзишии ба номи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи васеи футболи хурд ва волейбол байни зиёда аз 24 дастаи футбол ва 12 дастаи волейбол аз вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ зери унвони «Солим — бе маводи мухаддир» оғоз гардид, ки варзишгарон барои дарёфти Ҷоми «Вазири корҳои дохилӣ» байни ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.  Дар кушоиши мусобиқа зикр гардид, ки иқдоми Вазорати корҳои дохилӣ боиси дастгирист ва он дар ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, пешгирии нашъамандӣ, беҳтар намудани қобилияти ҷисмонӣ ва солимӣ таъсири калон дошта, ҳамзамон барои муайян намудани чеҳраҳои нави варзиш, қобилияти баланди варзишӣ ва такмили варзиш дар ҷомеа нақши созгор хоҳад дошт.Мусобиқаи футболи хурд ва волейбол барои дарёфти Ҷоми «Вазири корҳои дохилӣ» дар ду марҳила то 20 феврали соли равон идома хоҳад ёфт, ки дар он пурқувваттарин дастаҳо байни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Январь 21, 2013 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад