Таҷлили 80-солагии урологи тавонои тоҷик
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-29 январ дар «Толори тиб ва табиатшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи урологҳои Тоҷикистон ҷашни фархундаи 80-солагии зодрӯзи профессор Аслиддин Осимӣ таҷлил мегардад. Дар назар аст, ки ҳамоишро ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор У. Қурбонов ифтитоҳ намуда, мудири кафедраи урология, доктори илми тиб Д. Солеҳов таҳти унвони «Фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятии профессор А.С. Осимӣ» маърӯза намояд. Дар чорабинӣ олимони шинохтаи тибби ҷумҳурӣ, дӯстону пайвандон, шогирдони олим иштирок мекунанд. Боиси тазаккур аст, ки профессор Аслиддин Осимӣ тамоми умри бобаракати худро ба илми тибби тоҷик, минҷумла соҳаи урология бахшида, муаллифи 2 монография, 100 мақола, 62 тезис, 6 дастури таълимию методӣ, 10 пешниҳоди навоварона мебошад. Таҳти роҳбарии ў 4 нафар рисолаи номзади илмро дифоъ намудаанд. А. Осимӣ бо медали «Собиқадори меҳнат» (соли 1986), Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (соли 1983), «Аълочии тандурустӣ» (соли 1978), ва соли 2009 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Шафқат» сарфароз гардидааст. Дар ин бора котиби матбуоти Китобхонаи миллии Тоҷикистон Фотима Яқубова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






