Таблиғи ғояи ватанпарастӣ миёни ҷавонон
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба 20- солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариш бахшидани руҳияи ватанпарастии ҷавонон дар шароити кунунии истиқлолияти милливу давлатӣ дар давоми моҳи феврали соли равон баргузории силсилаи чорабиниҳоро, аз қабили маҷлиси тантанавӣ, машғулиятҳои машваратӣ бо муовинони командирони қисмҳои низомии гарнизони Душанбе, суҳбату вохӯриҳо бо ширкати собиқадорони ҷангу меҳнат дар муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои низомӣ, саёҳати хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ ба қисмҳои ҳарбии сохторҳои низомӣ, мусобиқаҳои ҳарбиву варзиширо миёни сарбозон ба нақша гирифтааст. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо ҷоннок кардани корҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва варзишӣ миёни сарбозони мақомоти қудратии мамлакат, вусъат бахшидани ҳисси ватанпарастии сарбозону хонандагон ва дар маҷмуъ наврасону ҷавонон маҳсуб мешавад.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






