Таъсиси 5 шабакаи радио — телевизионии ғайридавлатӣ дар як сол
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-«Комиссияи литсензионии Кумитаи телевизион ва радио дар соли 2012 якчанд ширкати радио — телевизиониро мавриди муҳокима қарор дода ва танҳо дар соли 2012 панҷ шабакаи радио — телевизионии ғайридавлатӣ, аз қабили Муассисаи ғайридавлатии «Радиои Исфара» дар шаҳри Исфара, Ширкати радио ва телевизионии Ашт, Ширкати радио- телевизионии «Диёр» дар шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Симо ТВ» дар шаҳри Панҷакент ва Ширкати телевизионии «Мавҷи Истиқлол» дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз карданд», -зикр намуд Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО 11 январ. Раиси кумита аз камбудиҳои соҳа ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар баробари пешравиҳо дар фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ баъзе камбудиҳо низ ҷой доранд. «Ороиши студияҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯ набуда, беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад. Барои бартараф кардани ин мушкилот аз ҷониби ҳайати эҷодӣ ба Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ тарҳи ороиши студияҳо барои барномаҳои сиёсӣ, фарҳангию фароғатӣ ва «Субҳ» пешниҳод шудааст»,- афзуд Асадулло Раҳмонов. Гуфтанист, ки нишондиҳандаҳои фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион то 01.01.2013 чунин аст: шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон 99, 72 %, ТВ «Сафина», 84,64%, ТВ «Баҳористон» 84,20% ва ТВ «Ҷаҳоннамо» 75, 71% мебошад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






