Таваҷҷуҳи сармоягузорони Туркия ба мармари Тоҷикистон
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Афиони Туркия вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбарони ширкатҳои коркард ва истеҳсоли мармар «Karamehmet», «Yuksel Mermer» ва Ассотсиатсияи саноатчиён ва соҳибкорони озоди Афион «Husriad» баргузор гардид.Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо корхонаҳои мазкур, инчунин таъсиси корхонаи коркард ва истеҳсоли мармар дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамчунин аз корхонаҳои коркард ва истеҳсоли мармар боздид ба амал оварда шуд.Роҳбарони ширкатҳои мазкур тасмим гирифтанд, ки дар соли ҷорӣ ҷиҳати омӯзиш ва кушодани корхонаи коркард ва истеҳсоли мармар ба Тоҷикистон сафар намоянд. Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Афион 700 корхонаи коркард ва истеҳосоли мармар фаъолият мекунад. Ҳаҷми содироти мармар аз Туркия 2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 700 миллион доллари ИМА ба Афион рост меояд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати берунии ВКХ ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






