Тоҷикистон намояндагии худро дар СУС ифтитоҳ менамояд
Душанбе, 9 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Протокол оид ба ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишномаи Марокаш доир ба таъсиси Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро /СУС/ 9 январ вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон тасдиқ намуданд. Шариф Раҳимзода –вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ гуфт, ки санади мазкур 10 декабри соли 2012 дар қароргоҳи СУС – шаҳри Женеваи Швейтсария ба имзо расидааст. Ин санад аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ ҷиҳати тасдиқ ба парлумон пешниҳод шудааст. Шариф Раҳимзода афзуд, ки воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС ҷиҳати ба даст овардани шароити беҳтару ғайридискриминатсионӣ барои баровардани молу маҳсулоти ватанӣ ба бозори ҷаҳонӣ , транзити озод ва ғайридискриминатсионии молҳои каммасраф тавассути қаламрави аъзои кишварҳои СУС , фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, муҳайё намудани шароити мусоиди тиҷоратӣ барои паст намудани монеаҳои тарифию ғайритарифӣ, тиҷорати озод, иштирок дар такмили қоидаҳои савдои байналмилалӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ, гузаронидани машваратҳо бо кишварҳои аъзои СУС нақши муассир мебозад. Вазир зикр кард, ки ҳиссаи СУС ва кишварҳои аъзои он 97 %-и савдои ҷаҳониро ташкил медиҳад.Тибқи уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикстон ҳангоми воридшавӣ ба СУС ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти мол ба ҷумҳурӣ бояд ба ҳисоби миёна 8% -ро ташкил диҳад. Вазир афзуд, ки соли равон бояд Тоҷикистон намояндагии худро дар СУС ифтитоҳ намояд. Ифтитоҳи намояндагии Тоҷикистон дар СУС ҷиҳати ҳалли масъалаҳое, ки Тоҷикистон бо дигар давлатҳо дорад, нақши муҳим мебозад. Хусусан кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон –Афғонистон, ки нияти ҳамроҳшавӣ ба СУС-ро дорад, ҷиҳати интиқоли молу маҳсулот аз қаламрави Покистон ба Тоҷикистон монеаҳо эҷод менамояд. Дар ҳоли аъзои СУС гардидани Афғонистон ин масъала роҳи ҳалли худро меёбад. Мавриди зикр аст, ки 10 декабр дар ҷараёни баргузории ҷаласаи Шўрои кулли СУС дар Женева Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими расмӣ узви СУС гардид. Тоҷикистон 11 сол муқаддам, аниқтараш соли 2001 ба СУС дархости узвият пешниҳод намуда буд. Дар зарфи беш аз 10 сол ба 100 санади меъёрии кишвар, хусусан дар тўли 2 соли охир ба 40 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуда, онҳо ба меъёрҳо ва талаботи СУС мутобиқ гардонида шуданд. Дар ин самт Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расидани Протокол оид ба ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишномаи Марокаш доир ба таъсиси Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро аз сўи парлумони кишвар рўйдоди таърихӣ арзёбӣ кард. Мавсуф афзуд, ки шомил шудани Тоҷикистон ба СУС роҳёбии кишвари мо ба бозори ҷаҳонӣ буда, ҳамзамон он бозгўи марҳила ба марҳила устувор гардидани иқтисодиёти кишварамон аст. Раиси парлумони мамлакат афзуд, ки ҳар сол сатҳи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна то 7-8% баланд гардида, он ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар муосидат менамояд. Шукурҷон Зуҳуров ба вакилони парлумон ва блоки иқтисодии кишвар, хусусан ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ки яке аз ниҳодҳои калидӣ ҷиҳати шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС-ро ба уҳда дошт ва ба роҳбрияти кишвар арзи сипос баён намуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






