Тоҷикистон содироти асалро афзоиш медиҳад

Январь 31, 2013 16:58

Душанбе, 31 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тоҷикистон дар соли сипаригардида ба хориҷи кишвар дар баробари пахтаю алюминий, инчунин картошка, кӯчати помидор, асал, зағир ва тухми сабзавот содир намудааст.  Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода мегӯяд, ки танҳо дар соли гузашта Тоҷикистон ба Афғонистон 60 тонна зағир содир намудааст. Инчунин ба дигар кишварҳои хориҷӣ 1500 оилаи занбӯри асал фурӯхта шуд. Ин равандҳо нав буда ва он маҳсулоте, ки дар хориҷи кишвар ба он талабот зиёд аст, бояд истеҳсоли онро рушд диҳем, афзуд вазир. Хусусан соҳаи занбӯри асалпарвариро, зеро вобаста ба воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо ва кушода шудани бозорҳои кишварҳои аврупоӣ ва дигар кишварҳои аъзои ин созмони бонуфузи молиявӣ заминаи хубу мусоид ҷиҳати рушди соҳаи занбӯри асалпараварӣ дар кишвар фароҳам хоҳад омад. Дар ин самт танҳо бояд стандартҳои байналмилалиро риоя намоем. Яъне бояд маҳсулоте истеҳсол кард, ки ба талабот ва стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, рақобатпазир бошад. Дар масъалаи рушди соҳаи занбӯри асалпарварӣ дар кишвари мо мушкилот вуҷуд надорад. зеро иқлим ва мавқеи ҷуғрофии ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи занбӯри асал мусоид буда, танҳо таблиғот ва дар шакли дуруст, хусусан тавассути зарфу борҷомаҳои махсус содир намудани он ба бозори ҷаҳон афзалияти бештар дорад.

Январь 31, 2013 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст