Вохӯрии самарабахш бо «Тоҷикистон WIS»
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Чанде пеш вохурии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Қосимов бо директори ширкати ВИС (С.А.) ЛТД Питер Вейкфилд ва раиси ширкати ВИС (С.А.) ЛТД дар Тоҷикистон Ф.Раҳмонов доир гардид. Ёддовар мешавем, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки рушди Осиё оид ба сертификатсияи нахи пахта бозрасии мустақили пахта — «Тоҷикистон ВИС» таъсис дода шуд.Бо дастгирии молиявии бозрасии мазкур ташхисгоҳҳои ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд пурра таъмиру тармим гардида, бо техникаи ҳозиразамон муҷаҳҳаз шудаанд. Ҳамзамон аз тарафи ҳамкорони хориҷии ширкати «Вейкфилд Инспекшн Сервисес» 16 нафар мутахассис нозукиҳои гузаронидани ташхиси нахи пахтаро аз тариқи техника омӯхтанд ва бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Аз соли 2008 то соли 2012 аз тарафи ширкати «Тоҷикистон ВИС» (бозрасии мустақили пахта) ба маблағи 465 ҳазор доллари амрикоӣ навъбандии зиёда аз 155 ҳазор тонна нахи пахта гузаронида шуд. Вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов зимни вохӯрӣ оид ба навъбандии нахи пахтаи тоҷик тавассути таҷҳизоти ҳозиразамони Эйч-ви-ай (HVI), болоравии нархи он дар бозори ҷаҳонӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи ҷумҳурӣ изҳори ақида намуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






