Вусъати корҳои иктишофиву геологӣ дар ҶТ
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоикистон Гул Шералӣ бо ноиби Президенти ширкати «China Global new Technology imp. & exp» Ҷан Ҷи Юэн- сармоягузори асосии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ- саноатии Тоҷикистону Чин» мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соли 2013, шумораи ҷойҳои нави корӣ, баррасии масъалаи идомаи сохтмони хатти дуюми технологӣ ва то 2,0 млн. тн расондани иқтидори солонаи фабрикаи бойгардонӣ, зиёд намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, сохтмони коргоҳи металлургӣ дар шаҳраки Истиқлол мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вазири энергетика ва саноат вусъати корҳоро дар самти масъалаҳои вобаста ба сохтмони фабрикаи бойгардонии металлургӣ, сохтмони хатти интиқоли барқ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва корҳои иктишофӣ- геологӣ дар кони Зарнисори Шимолӣ, ҳамчунин андешидани тадбирҳоро ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби бештари мутахассисони маҳаллӣ, масъалаҳои вобаста ба шароити маишии кормандон ва иншооти маишӣ – иҷтимоии шаҳраки Зарнисор таъкид намуд. Ҷан Ҷи Юэн иброз дошт, ки корхона ҷиҳати ҳарчи зудтар амалӣ намудани масъалаҳои мазкур тадбирҳои мушаххас хоҳад андешид. Тавре ки маълум аст, корхонаи «Зарнисор» моҳи июни соли 2007 дар заминаи Идораи маъдани Олтин-Топкани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» таъсис ёфта, корҳои барқарорсозии конҳои маъдани зеризаминӣ дар моҳи августи соли 2007 ва 18-декабри соли 2007 ба сохтмони фабрикаи бойгардонӣ бо ворид намудани дастгоҳҳо, техника ва мутахассисон оғоз гардидааст. Дар айни замон иқтидори фабрикаи бойгардонӣ 1,0 млн.тн дар як сол мебошад.Дар корхонаи мазкур соли 2012 нақшаҳои истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 барзиёд иҷро шуданд. Дар ин давра корхона 23434,96 тн. хокаи сурб ва 37341,34 тн. хокаи руҳ истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 мутаносибан 10931,74тн. ва 20580,29 тн. зиёд мебошад. Арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда 320,9 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш 2,0 маротиба зиёд аст. Дар корхона- 1287 нафар мутахассисон фаъолият дошта, музди миёнаи меҳнат дар як моҳ 1839,9 сомониро ташкил мекунад. Дар соли 2012 корхона ба маблағи 39,4 млн. сомонӣ андозҳои давлатиро пардохт намудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






