Ҳадафи Стратегияи нав беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволист
Душанбе, 7 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Сатҳи камбизоатӣ дар кишварамон дар соли сипаригардида 38,3%-ро ташкил дод, ки ин нишондод 6 сол муқаддам, аниқтараш дар соли 2007-ум 53, 7% буд. Чиҳати паст намудани сатҳи камбизоатӣ Ҳукумати мамлакат табдирҳои мушаххас меандешад. Шариф Раҳимзода-вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мегӯяд, ки баробари ба охир расидани қисматҳои 1 ва 2-и «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар» соли 2012 Ҳукумати ҷумҳурӣ «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» таҳия намуд ва ин санад аз сӯи вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат қабул гардид. Ҳадафи Стратегияи нав беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои муносиб ба мардуми камбизоат ва ба сатҳи табақаи миёнаи аҳолӣ баробар намудани онҳост. Яъне, дар ин стратегия бештар ба синфи миёнаи аҳолӣ такя мешавад. Дар таҳияи стратегияи мазкур таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон низ истифода шудааст. Вазири рушди иқтисоди кишвар меафзояд, ки новообаста ба хусусиятҳои миллии худ мо бояд муайян намоем, ки чӣ гуна мо ин ё он шахсро ба гуруҳи синфи миёна дохил менамоем. Дар ин самт Бонки ҷаҳонӣ чандин омӯзишҳо гузаронидааст. Тибқи таҳлилҳои онҳо пешниҳод шудааст, ки дар Тоҷикистон ба гуруҳи синфи миёна киҳо дохил мешаванд ва ҳиссаи онҳо чанд аст. Мо бояд нишондиҳандаҳои худро дошта бошем ва дар стратегия ин масъала бо назардошти хусусият ва имкониятҳои миллӣ ва ҳамзамон дар такя ба таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя мушаххас шудааст. Масалан, дар Қазоқистон агар шахс дорои маълумоти олӣ, хона, мошин ва ҳисоби пасандозӣ /депозитӣ/ дар бонк бошаду дар як сол як маротиба дар хориҷа истироҳат намояд, он шахс ба гуруҳи табақаи миёнаи аҳолӣ дохил аст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






