Ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Туркия қаноатбахшанд
Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар дар Исломобод зимни мулоқот бо ҳамтои турки худ – Раиси Маҷлиси Бузурги Туркия Ҷемил Чичек дурнамои тавсеаи рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Туркияро баррасӣ намуд. Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки муносиботи ду кишвари дўст раванди рў ба рушдро касб кардааст ва мо умедвор ҳастем, ки равобити Тоҷикистону Туркия дар оянда ба сатҳи олӣ хоҳад расид. — -«Мо ҷонибдори густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар ҳастем», таъкид кард раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон. Раиси парлумони Туркия Ҷемил Чичек зикр намуд, ки муносиботи кишварҳои мо дар сатҳи олӣ ҷараён дорад, вале мо бояд барои тақвияти равобит фазои қонунгузории кишварҳоямонро такмил диҳем ва ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсату иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ заминаи мусоидеро ба вуҷуд орем. Мусоҳибон дар масъалаи таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, хусусан Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, равобит дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, сохтмон ва коммуникатсия, сармоягузорӣ, энергетика, фарҳанг, илму маориф ва дигар соҳаҳо табодули назар намуданд. Ҳамзамон ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи Афғонистон ва авзои минтақа ибрози назар карданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






