Ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 11 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Робин Орд – Смитт баргузор гардид. Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот аз рӯи масоили мубрам ва дурнамои ҳамкории ҳар ду кишвар дар бахшҳои молия ва фаъолияти бонкӣ табодули афкор сурат гирифт.Мувофиқи суханони манбаъ, ҷонибҳо ба раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ, ҳамчунин таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳи савдо, ҷалби сармояҳои Британия ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷиҳатҳои дигари ҳамкории Тоҷикистону Британия, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб менамоянд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






