Ҳавасмандии ширкатҳои олмонӣ ба лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон

Февраль 27, 2013 09:50

Душанбе, 27 феврал (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Берлин вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов бо мудири ширкати GWE «German Water and Energy» (ҷузъи Гуруҳи ширкатҳои Бауэр Групп АГ –и Олмон) Бернҳардт Райхелт 22 феврали соли 2013 баргузор гашт. Дар вохӯрӣ имкониятҳои иштироки ширкатҳои олмонӣ дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба таҳкими иқтидори иқтисодӣ, энергетикӣ ва нақлиётии Тоҷикистон равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Намояндаи ширкати GWE ба татбиқи лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи гидроэнергетика ва сохтмони иншооти маишию саноатӣ дар Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд зоҳир намуда, иброз дошт, ки ширкати мазкур омода аст дар масоили сохтмони иншооти обӣ, таҳвили технологияҳои муосир ва хизматрасонӣ дар соҳаи истеҳсоли нерӯи барқи аз назари экологӣ тоза ва истифодаи оқилонаи захираҳои оби кишвар ҳамкориҳои судмандро бо Тоҷикистон роҳандозӣ кунад. GWE «German Water and Energy»- гуруҳи ширкатҳои байналмилалӣ аст, ки масоили рушд, истеҳсол ва таҳвили технологияҳои муосир ва баландсифат барои истифодаи оқилонаи захираҳои об, тақсимот ва интиқоли об дар маркази таваҷҷуҳи он қарор доранд. Аз соли 2007 ширкатҳои GWE тобеи гуруҳи «Bereich Resources der BAUER AG» мебошанд. Масоили муҳити зист, мушкилоти энергетикӣ, об ва ашёи хом авлавиятҳои кори Гуруҳи Бауэр АГ маҳсуб мешаванд. Ҳамон рӯз инчунин вохӯрии Сафири Тоҷикистон И. Сатторов бо намояндаи кулли ширкати муштараки Олмону Австрия «АНДРИТС ГИДРО» («ANDRITZ HYDRO GmbH») ҷаноби Райнҳард Мюллер-Технау барпо гардид. Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳо бо ин ширкат дар соҳаи гидроэнергетика мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, ба рушди ҳамкориҳо дар масоили сохтмон, тармим, таҷдид ва таҷҳизонидани нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва инчунин ҷалби муштараки саромоягузориҳо барои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ҳавасмандии мутақобила зоҳир гардид. «АНДРИТС ГИДРО» яке аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонии истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи таҷҳизоти муосир барои нерӯгоҳҳои барқи обӣ мебошад ва ният дорад ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон фаъолона роҳандозӣ намояд. Ин ширкат масъалаи истифодаи обро ҳамчун манбаи энергияи тоза ва аз назари иқтисодӣ самаранок фаъолона пеш мебарад.

Февраль 27, 2013 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст