20 ҳазор қаламчаи гули садбарг омодаи фурӯш аст
Кӯлоб, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Аз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ кормандони Корхонаи фаръии давлатии ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳри Кӯлоб дар хиёбону гулгашт ва кӯчаҳои шаҳр беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли ороишӣ шинониданд. Солҳои охир дар ин муассиса парвариши ҳама намуди ниҳолҳои ороишию сояафкан ба роҳ монда щуда, бо мақсади сари вақт шинонидани гулҳои мавсимӣ дар хиёбону гулгаштҳо дар айни ҳол дар гармхонае, ки дар майдони 20 садяк замин бунёд ёфтааст, беш аз 250 ҳазор гули мавсимӣ парвариш мешавад. Имсол вобаста ба талабот беш аз 20 ҳазор қаламчаи гули садбарг омода шуда ва як қисми ин қаламчаҳою 32 ҳазор бех ниҳол аз ниҳолхонаи корхона ба фурӯш бароварда мешавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






