«Амонатбонк» ба ноҳияи Бохтар як миллион сомонӣ қарз медиҳад

Февраль 27, 2013 15:03

Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Раёсати БДА Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова 26 феврали соли равон аз шурӯи сохтмони бинои филиали бонк дар ноҳияи Бохтар боздид намуда ва бо намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳияву нафақахӯрон ва пирони рӯзгордида вохӯрӣ намуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуот ва рекламаи БДА «Амонтбонк» иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ бо раиси ноҳияи Бохтар масъалаи рушди системаи бонкдорӣ дар ноҳия, пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ ва ҷудо кардани қарзҳо барои рушди соҳибкории хурду миёна баррасӣ шуд. Сарвари «Амонатбонк» иброз намуд, ки барои рушди соҳибкории хурд ва миёна дар соли равон ба ноҳияи Бохтар ба маблағи як миллион сомонӣ қарз ҷудо мешавад. Дар ҷаласаи корӣ бо кормандони филиали бонк Г. Ҳасанова нисбат ба шафофияти пардохти нафақаҳо, зиёд кардани қарзҳои хурд, ҷалби амонатҳои аҳолӣ супоришҳои мушаххас дод. Раиси Раёсати «Амонатбонк» инчунин бо кормандони филиали бонк дар ноҳияи Вахш вохӯрӣ намуда, нисбат ба дастгирии рушди кишоварзӣ ва соҳибкории хурду миёна супоришҳои мушаххас дод ва бо соҳибкорон ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурду миёна бо пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва имконияти мусоиди ҳалли мушкилоти соҳа сухан гуфт.

Февраль 27, 2013 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст