Анҷоми лоиҳаи СҶТ дар Тоҷикистон
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Маросими расмии ба анҷом расидани лоиҳаи «Ҳифзи саломатӣ дар шароити тағйиёбии иқлим»-ро 7 феврал намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии ҶТ барпо менамоянд. Ҳадафи аслии маросим нишон додани натиҷаҳои лоиҳа ба шарикон ва дигар доираҳои манфиатдор мебошад. Дар ин маросим намояндагони Вазорати тандурустии ҶТ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Сафорати Ҷумҳурии Фелеративии Олмон дар Тоҷикистон, инчунин намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок менамоянд. Лоиҳа аз ҷониби Бюрои аврупоии минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ амалӣ ва аз тарафи Вазорати федералии муҳити зист, ҳифзи табиат ва безараргардонии моддаҳои ҳастаии Олмон маблағгузорӣ гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон хабар доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






