Баҳисобгирии муҳоҷирон

Февраль 11, 2013 15:13

Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Мутобиқи Низомномаи Хадамоти муҳоҷират баҳисобгирии рафту омади шаҳрвандон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа» ба роҳ монда шудааст.Дар давраи ҳисоботӣ ба хориҷа 877 335 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ сафар намуд, ки аз ин теъдод, 753 328 нафараш мард ва 124 007 нафараш зан мебошад. Аз шумораи умумии шаҳрвандони ба хориҷа сафар намуда, 744 360 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки нисбат ба соли 2011- 6031 нафар кам мебошад. Аз теъдоди умумии муҳоҷирони меҳнатӣ 657 345 нафарашон мардҳо ва 87 015 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.Хадамоти муҳоҷират на танҳо шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, балки рафтуомади тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро ба самтҳои зерин ба ҳисоб мегирад, аз ҷумла 55 711- нафар бо корҳои шахсӣ, 45 855 — нафар- бо мақсади тиҷорат, 14 384 — нафар — бо мақсади сайёҳат, 9 834 — нафар — бо корҳои хизматӣ, 7 191- бо мақсади таҳсил ба хориҷа сафар намуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи ХМ назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.

Февраль 11, 2013 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст