Баргузории Муколамаи ҳамкории Осиё дар Душанбе
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки маълум аст, соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Муколамаи ҳамкории Осиёро ба дӯш дорад. Аз ин хотир ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё 28-29 марти соли равон дар ш. Душанбе баргузор мегардад. Дар айни замон корҳои тадорукотӣ барои ба таври шоиста гузаронидани ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ дар пойтахти кишвар ҷараён дорад. Дар ин робита, Кумитаи тадорукотӣ таҳти роҳбарии муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов таъсис дода шудааст. Хамзамон дар Вазорати корҳои хориҷӣ ситод оид ба баргузории ин чорабинии муҳими байналмилалӣ фаъолият дорад. Аз ҷониби Кумитаи тадорукотӣ барномаи муқаддамотӣ ва лоиҳаи «Эъломияи Душанбе» таҳия гардида, он барои ҳамоҳангӣ ба кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё фиристода шудааст. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






