Баррасии иштироки Тоҷикистон дар Иҷлосияи сарони давлатҳои СҲИ
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар»).-7 феврали соли 2013 дар шаҳри Қоҳира Иҷлосияи 12-уми сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ кори худро идома дод. Дар ин рӯз роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои иштироккунанда масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба қазияҳои муҳим ва доғи рӯз, аз ҷумла қазияи Фаластин ва Малӣ қарорҳои дахлдор қабул карданд.Роҳбари ҳайати Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ низ ба таваҷҷуҳи ҳозирин мавқеи Тоҷикистонро роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ пешниҳод намуд. Ӯ мавзӯи Фаластинро мавзӯи марказии фаъолияти Созмони ҳамкории исломӣ ҳисобида, изҳор намуд, ки Тоҷикистон аз талошҳои фаластиниҳо барои барпо кардани давлати ояндаи худ самимона истиқбол мекунад. Ҳ. Зарифӣ бори дигар аҳамияти Нақшаи фаъолияти Созмони ҳамкории исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказиро таъкид намуда, хотирнишон кард, ки нақшаи мазкур ҳанӯз соли 2011 аз ҷониби Кумитаи доимии Созмон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ва тиҷорат (COMCEC) қабул шудааст. Лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ, ки дар он инъикос ёфтаанд, бахусус бунёди роҳи оҳани Душанбе-Мазори Шариф-Ҳирот ба рушди иқтисод ва савдои давлатҳои минтақа, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи Иҷлосияи сарони давлатҳои Созмони ҳамкории исломиро ба истифодаи оқилона аз захираҳои обии минтақа, ки яке аз мавзуъҳои калидии рӯз мебошад, ҷалб намуда, бори дигар таъкид кард, ки истифодаи оқилонаи ин захираҳо ҳаргиз ба зарари кишварҳои поёноб сурат нахоҳад гирифт ва омодагии Тоҷикистонро барои гуфтушунид ва ҳамдигарфаҳмӣ оид ба масъалаҳои муҳандисию техникии истифодаи об таъкид кард. Ҳ. Зарифӣ зикр кард, ки дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон шудааст, ки тибқи он моҳи августи соли 2013 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд ва изҳори умед кард, ки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар кори Конфронси байналмилалӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард. Бо пешниҳоди ҳайати Тоҷикистон иҷлосия ба Баёнияи хотимавӣ оид ба ин ташаббуси муҳим банди махсус (банди 157) ворид намуд, ки он дар таҳрири зерин омадааст: “Иҷлосия аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, истиқбол менамояд ва давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломиро ба иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ин Соли байналмилалӣ даъват мекунад”. Сарони давлатҳои узв дар ҷаласаи хотимавӣ номзади Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Иёд Маданиро ба мақоми Котиби генералии Созмон якдилона дастгирӣ намуда, қарор карданд, ки Иҷлосияи навбатӣ -13-уми Созмони ҳамкории исломӣ соли 2016 дар Туркия баргузор гардад. Вазири корҳои хориҷӣ Ҳ. Зарифӣ дар ҳошияи рӯзи дуюми Иҷлосия низ бо роҳбарони як қатор ҳайатҳо мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом дод. Аз ҷумла, дар мулоқоти ӯ бо ҳамтоёнаш аз Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Озарбойҷон роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба табодули назар сурат гирифт. Иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар ин ҳамоиши муҳими ҷаҳони ислом ба таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва нақши минтақавӣ ва байналмилалии кишвар фурсати муносиб фароҳам овард.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






