Беҳтаринҳои футбол дар мавсими сипаришуда
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ “Ховар”).-Имрӯз дар меҳмонхонаи “Hyatt regency» маросими бошукуҳи супоридани ҷоизаҳои чемпионати мамлакат дар соли 2012 баргузор шуд. Ба назар чунин расид,ки кормандони ФФТ бо роҳбарии президенти он Рустами Эмомалӣ дар баргузор кардани чунин чорабинӣ заҳмати зиёд кашида, аз рохбарони қаблии ин ташкилот фарсаххо пеш гузаштаанд ва бо диди нав ва тарҳи ҷадид ҷамъбасти солро созмон доданд. Дар маросими мукофотсупорӣ ба дастаи “Равшан”-и Кӯлоб -чемпиони Тоҷикистон дар соли 2012-ум, Ҷому ифтихорнома ва медалҳои тиллои мусобиқоти XXI чемпионат супурда шуд Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барои ҷойи дувум, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои ҷойи саввум бо медалҳои нуқраву биринҷии мусобиқот қадрдонӣ шуданд.Се дастаи беҳтарини лигаи якум – “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (ғолиби мусобиқаи соли 2012-ум), “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ (ҷойи дувум) ва “Ҳулбук”-и Восеъ (ҷойи севум) ҳамчунин бо мукофотҳои ФФТ сарфароз шуданд. Беҳтарин дарвозабон (Алишер Тӯйчиев-“Истиқлол”) , ҳимоятгар (Ҳасан Рустамов-“Равшан”), нимҳимоятгар (Нуриддин Давронов-“Истиқлол”), ҳамлагар (Комил Саидов-“Регар ТадАЗ”), беҳтарин бозигари сол ва, беҳтарин нишонзан (Дилшод Восиев-“Истиқлол”), беҳтарин мураббӣ (Маъруф Рустамов-“Равшан”),, беҳтарин довари сол (Раҳмон Муртазоев-Душанбе),беҳтарин мураббии футболи кӯдакона( Достон Мамиров-н.Ҷ Расулов), беҳтарин мураббии футболи занона (Илдар Раҳмонов-“Регар ТадАЗ”) беҳтарин бонуи бозигар (Наталья Сотникова «Ласточка») беҳтарин бозигари футзал (Миралӣ Шарипов- «Бонки миллӣ») ва беҳтарин мураббии футзал ( Ҳусейн Шодиев- «Вавилон»)муйян карда шуда, бо ҷоизаҳои ФФТ мукофотонида шуданд.Собиқадорони футбол ҳам аз ғамхории ФФТ баҳра бурданд.Дар маросими ҷамъбасти соли 2012 муовини сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҲҶ Маликшо Неъматов ҳузур доштанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






