Бо кӯмаки Намояндагӣ муҳоҷири бемор ба Ватан баргашт
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бо мусоидати Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муҳоҷири меҳнатӣ- шаҳрванди ҶТ, зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон Маҳмадҷон Ҳомидов, баъди ҷарроҳӣ тавассути ҳавопаймо ба Ватан баргардонида шуд.Чӣ тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, 12 феврал муҳоҷири меҳнатӣ — М.Ҳомидов дар натиҷаи як ҳодисаи нохуш дар яке аз сохтмонҳои ноҳияи Савёловскии ш.Москва аз сутунмӯҳра осеб дида, ба беморхонаи клиникии №59 ш. Москва оварда мешавад. Аз сабаби надоштани ҳуҷҷатҳои лозима ( суғуртаи тиббӣ) ва маблағ барои муолиҷа табибон баъд аз расонидани кӯмаки аввалия идомаи табобатро ба таъхир мегузоранд.Бо дахолати Намояндагӣ аз ҳисоби ширкати сохтмонӣ ва қисман бо дастгирии соҳибкорони тоҷик маблағи лозима ҷамъоварӣ шуда, муҳоҷири меҳнатӣ ҷарроҳӣ карда шуд.Намояндагӣ дар иртибот ба чунин ҳодисаҳои нохуш ба диққати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҶТ мерасонад, ки зимни фаъолияти меҳнатӣ дар ФР аз имконияту афзалиятҳои суғуртаи тиббӣ истифода баранд. Бояд гуфт, ки имрӯз дар ФР теъдоди зиёди ширкатҳои суғуртавӣ фаъолият доранд, ки дар чунин ҳолатҳои нохуш метавонанд ба мизоҷони хеш дар асоси шартнома пардохти хизматрасониҳои тиббиро ба ӯҳда гиранд, қайд намуд манбаъ.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






