Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Масиака Сиракава истеъфо медиҳад Душанбе, 13 феврал.(АМИТ «Ховар»).-Роҳбари Бонки марказии Япония Масиака Сиракава ба хабарнигорони дохили кишвар иттилоъ дод, ки вазифаи худро 15-уми марти соли равон, яъне 3 ҳафта қабл аз ба охир расидани мандати корияш тарк месозад. Ҳамроҳи ў боз ду муовинаш аз вазифа даст мекашанд. Сабаби аз кор рафтани онҳо дар он аст, ки ҳукумати кишвар аз Бонки марказӣ талаб кардааст, ки дар бораи беҳтар кардани қурби асъори миллӣ сиёсати шадидтарро ба роҳ монад. Вале ба гуфти котиби матбуотии кишвар Масиака Сиракава аслан зидди ислоҳот дар низоми бонкӣ буд ва сабаби бармаҳал тарки вазифа намуданаш низ дар ҳамин маънидод карда мешавад. Дар Ирландия занон бе музд кор мекардаанд Душанбе, 13 феврал.(АМИТ «Ховар»).-Дар Ирландия даҳсолаҳо аз қувваи занон барои иҷрои корҳои бемузду мушкил истифода мебурданд. Ба гуфти расонаҳои хабарии дохили кишвар аз ҷониби прокуратураи генералии ҷумҳурӣ санҷиши махсус дар бораи истифодаи қувваи занон гузаронида шуд. Тафтишот маълум кард, ки масъулини хонаи ятимони «Магдалена» занонро барои кори бемузд, масалан дар ҷойҳои либосшўӣ ҷалб мекардаанд. Гуфта мешавад, ки Хонаи ятимон таҳти идораи ибодатгоҳи католикии марказӣ қарор доштааст. Мувофиқи ҳисоботи комиссияи махсус дар асоси шартномаҳои давлатӣ ба ҷомашўйхонаҳои ятимон маблағи зиёд ҷудо шуда, вале он ба нафарони ба ин кори машғулбуда дастрас намегардидааст. Фурӯши компютерҳои «Делл»-и Амрико Душанбе, 13 феврал.(АМИТ «Ховар»).-Ширкати компютерии «Делл»-и Амрико дар бораи дар ҳаҷми 24 миллиарду 400 миллион доллар ба фурўш баровардани саҳмияҳои худ ба хабарнигорони дохили кишвар ва дар сайти интернетиаш иттилоъ дод. Бояд гуфт, ки аввалин бор ширкати мазкурро Майкл Делл соли 1984 таъсис дода буд. Ба гуфти ВАО-и кишвар ширкати мазкур ба мушкилоти зиёди молиявӣ рў ба рў гардида, мавқеи худро аз даст дода истодааст. Дар айни ҳол ширкати «Делл» аз рўи фурўши компютерҳо дар ҷойи сеюм қарор дорад. Коршиносони соҳаи техника ва технологияи кишвар яке аз сабабҳои паст гардидани талабот ба компютерҳои ширкати «Делл»-ро дар серхаридор гардидани Смартфон ва компютерҳои Айпед маънидод менамоянд.Тарҷумаи Иброҳимии Ҳабибуллоҳ








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






