Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Сардии ҳаво дар Амрико Душанбе, 14 феврал.(АМИТ «Ховар»).-Сардии шадиди ҳаво ба хоҷагии халқи иёлати Мичигани ИМА хисороти зиёд овард. Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Аврупо вобаста ба яхбандии шоҳроҳҳою минтақаҳои наздисоҳилӣ ва дарёҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва киштиҳо мушкил гардидааст. Ба гуфти ҳавосанҷон тайи чанд даҳсолаи охир бори аввал дар ин ҷой чунин яхбандӣ ба қайд гирифта мешавад. Вобаста ба баланд будани қабати ях кормандони бандарҳоро лозим меояд, ки ҳар лаҳза самтҳои ҳаракати киштиҳоро тоза намоянд. Бо ин мақсад 9 киштии махсуси яхшикан истифода мешавад. Мувофиқи қарори ҳукуматдорони маҳаллӣ барои таъмини ҳаракати киштиҳо дар обҳои наздисоҳилии иёлати Мичиган гуруҳи махсуси иборат аз 60 нафар то фарорасии фасли баҳор ба таври шабонарўзӣ фаъолият мебаранд. Таркиш дар Колумбия Душанбе, 14 феврал.(АМИТ «Ховар»).-Бар асари таркиши мошин дар минтақаи Эл Пало, воқеъ дар қисми ғарбии Колумбия 2-нафар ба ҳалокат расида, як нафари дигар бо ҷароҳати вазнин дар беморхона бистарӣ гардид. Ин амал аз ҷониби гуруҳи ҷудоихоҳи ФАРК анҷом дода шудааст. Ба гуфти расонаҳои хабарии дохили кишвар ҳарчанд ки ҳамлаҳои оташбас ба охир расидаанд, аммо амалҳо аз ҷониби силоҳбадастон дар ин кишвар бештар ба мушоҳида мерасанд. Силоҳбадастон изҳор карда буданд, ки дар сурати ба мувофиқа расидан ҳангоми музокирот бо ҳукуматдорон онҳо ба ҳаёти осоишта бармегарданд. Вале музокироти онҳо дар Куба бе натиҷа анҷом ёфт. Ҳукуматдорон аз идомаи амалиёт даст накашида, изҳор карданд, ки силоҳбадастон мехоҳанд ҷараёни музокироти сулҳро истифода бурда, ҳарчи зиёдтар худро мусаллаҳ намоянд. Ҳавои номусоиди Чин Душанбе, 14 феврал.(АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии www.jomejam.com баъзе минтақаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва пойтахти мамлакат- шаҳри Пекин то ҳол дар муҳосираи ҳавои номусоид ва қабати ғафси туман қарор доранд. Ба ақидаи мутахассисони соҳаи геологии кишвар қабати ғафси туман ва партовҳои гармхонаҳою воситаҳои нақлиёт ҳавои шаҳри Пекинро ғализ намуда, ба сокинони он мушкилӣ эҷод менамояд. Бояд зикр намуд, ки чунин ҳавои номусоид фазои баъзе мамлакатҳои ҳамсояи Ҷумҳурии мардумии Чин, аз ҷумла Японияро фаро гирифтааст. Вобаста ба ҳолати ба амаломада корманадони соҳаи тибб таъкид намуданд, ки сокинон беҳуда дар кӯчаю саҳро гаштугузор накунанд ва бо худ ниқоби махсус гиранд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






