Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир…

Февраль 11, 2013 14:24

Душанбе, 11 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар доираи таҷлили 20-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркманистон 15 феврал дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти устодони санъати Тоҷикистону Туркманистон барпо гардида, ҳамзамон расму мусаввараҳои рассомони шинохтаи Турманистон ба маърази тамошо гузошта мешавад.  Аз Сафорати Туркманистон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳайати фарҳангии Туркманистон рӯзи 14 феврал ба Душанбе ташриф меорад.  Интизор меравад, ки ҳайати фарҳангиёни Туркманистон ба ноҳияи Ҷилликӯл сафар карда, бо турмантаборҳое, ки дар ин ноҳия муқимӣ ҳастанд, дидору мулоқот намоянд ва барномаи консертиро, ки таҷассумгари дӯстиву рафоқат ва бародарӣ миёни мардумони тоҷику туркман аст, пешкаши сокинони ин ноҳия гардонанд.

Февраль 11, 2013 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад