Дарвозабони сербиягӣ ба «Истиқлол» омад

Февраль 1, 2013 17:00

Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Дарвозабони 19-сола аз Сербия Никола Стошич баъди имзои шартнома бо дастаи «Истиқлол» дирӯз ба Душанбе омад. Ин дарвозабон пештар дар клубҳои «Ред Стар» ва «Рад»- Сербия ва дастаи мунтахаби ҷавонони ин кишвар бозӣ кардааст.  Сомони расмии клуби футболи «Истиқлол» ҳамчунин навиштааст, ки аз Сербия боз як мутахассис — Никола Лазаревич ба ҳайати даста шомил шуда ва ӯ чун мураббӣ дар самти омодагии ҷисмонии бозигарон фаъолият менамояд. Мавриди зикр аст, ки дастаи футболи «Истиқлол» аз тимҳои пурқуввати футболи кишвар маҳсуб ёфта, дар соли ҷорӣ барои ба даст овардани «Ҷоми Тоҷикистон» талош хоҳад кард.

Февраль 1, 2013 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад