«Фарҳанги Доро»— сафҳаи тоза дар луғатнигории тоҷик

Февраль 12, 2013 10:14

Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон китоби нави шоири маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Доро Наҷотро бо номи «Фарҳанги Доро» ба нашр расонид.  Ин китоб баргузидаи тафсири беш аз панҷ ҳазор вожа, истилоҳ, таркиб ва ибораҳои рехтаи забони тоҷикиро фаро гирифтааст. Алиасғари Шеърдӯст, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба ин луғатнома пешгуфтори муфассале навишта, ба фарҳанги якзабонаи тоҷикӣ ба тоҷикии Доро Наҷот баҳои баланд додааст. Мавриди зикр аст, ки муаллиф ба навиштани ин луғатнома пас аз пажуҳишҳои тӯлонӣ ва омӯзиши дақиқи осори шоирони пешину муосир комёб гардидааст ва «Фарҳанги Доро» туҳфаи арзишманди шоир ба аҳли илму адаби кишвар маҳсуб мешавад.

Февраль 12, 2013 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад