Гаравхонаҳо танзим мешаванд
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия, Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»-ро 1 феврал зимни муҳокимаи парлумонӣ вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута ва мудирони ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Иқбол -2012» ва «Ломбард» баррасӣ намуданд. «Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур ба танзим даровардани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкили фаъолият ва муносибатҳо таҳти гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, қарз додан ва хизматрасонии ломбардҳо таҳия шудааст”, гуфт яке аз муаллифони лоиҳаи қонун вакил Домуллоҷон Ҷабборов. Лоиҳаи қонун аз 4 боб ва 18 модда иборат буда, дар онҳо фаъолияти ломбард, шароиту талаботи асосӣ ба фаъолияти онҳо, махфияти ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ, тартиби гирифтани молу мулки (ашёи) ба гаравмонда ва ё ба амонатсупорида ва аз онҳо ситонидани пули қарз, баҳогузории молу мулки (ашёи) ба гаравмонда ва ё ба амонатсупорида, шарт ва тартиби ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ, ба расмият даровардан ва тартиби фурӯхтани молу мулк зикр шудааст.Дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ фаъолияти ломбардҳо дар асоси муқаррароти Кодекси гражданӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарав» ба роҳ монда шудааст, ки дар натиҷа фаъолияти онҳо мушаххас ба танзим дароварда нашуда, ҳуқуқи ломбард ва шаҳрвандоне, ки молҳои худро ба гарав мегузоранд, пурра ҳимоя намегардад. Инчунин ҳолатҳои аз ҷониби шаҳрвандони алоҳида ғайриқонунӣ пеш бурдани фаъолияти ломбард ҷой дорад. Дар таҳияи лоиҳаи қонун фаъолияти ломбардҳо дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд омӯхта шуд. Инчунин қонунҳои амалкунандаи Русия, Арманистон, таҷрибаи Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Яке аз монеаҳои рушди соҳибкории хурду миёна дастрас набудани қарзи кӯтоҳмуддати фаврист. Аз ин рӯ, қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои рушди соҳибкории хурду миёна шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.