Густариши ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар мубориза бо маводи мухаддир

Февраль 11, 2013 09:57

Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Директори Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддири назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров дар Теҳрон бо Мустафо Муҳаммад Наҷор, вазири корҳои дохилии Эрон масоили ҳамкориҳои ду кишварро дар бахши мубориза бар зидди маводи мухаддир баррасӣ намуданд. Ба иттилои Агентии иттилоотии Ирон «Форс» вазири корҳои дохилии Ирон гуфтааст, ки ҳарду кишвар дар оянда, дар самти мубориза бар зидди маводи мухаддир ҳамкории густардаро ба роҳ хоҳанд монд. Ҳамчунин Мустафо Муҳаммад Наҷор афзудааст, ки ба қаламрави ҳарду кишвар асосан маводи мухаддир аз марзи Афғонистон мегузарад ва бояд барои пешгирии вуруди ғайриқонунии маводи мухаддир Тоҷикистону Эрон якҷоя мубориза баранд.

Февраль 11, 2013 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад