Истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири пластмассӣ
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Соли 2012 5 коргоҳ ва 5 корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ, аз ҷумла ҶДММ «Равзана пластик» ҶДММ «Стар Пласт», ҶДММ «Алфа Пет», ҶДММ «Суперпласт плюс» ва ҶММ «Суғд Пласт» ба истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ, аз қабили профилҳои пластмассӣ, зарфҳои пластмассӣ, плёнкаи полиэтиленӣ, пенопористероли сохтмонӣ, сатил ва тағораҳои полиэтиленӣ, борхалтаҳои полиэтиленӣ, қуттиҳои пластмассӣ барои рангҳои сохтмонӣ оғоз карданд. Таҷҳизот ва хатҳои технологие, ки дар корхонаҳои мазкур насб гардидаанд, истеҳсоли Олмон, Австрия, Туркия ва Чин буда, маҳсулоти истеҳсолии онҳо ба стандартҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва дар бозори дохилӣ рақобатпазиранд. Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дар айни ҳол, шумораи умумии корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ дар ҷумҳурӣ ба 14 адад расидааст ва дар соли 2012 ба маблағи 50,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2011 19,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Шумораи коргарон дар маҷмуъ дар ин корхонаҳо 400 нафарро ташкил медиҳад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






