Истиқболи Наврӯз бо тозакориҳо
Душанбе, 26 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз рӯзҳои 2, 9 ва 16-уми март дар шаҳри Душанбе ҳашари умумишаҳрӣ бо иштироки аҳли ҷамоатчигии пойтахт гузаронида мешавад. Масъалаи гузаронидани ҳашари умумишаҳрӣ яке аз масъалаҳое буд, ки дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе матраҳ гардид. Маҳмадсаид Убайдуллоев –раиси шаҳри Душанбе дар робита ба ин масъала фаъолони пойтахтро ба тарҳрезию амалисозии нақшаҳои ободонӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ҳидоят намуда, зикр кард, ки дар ин самт бояд бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ муносибат кард. Дар ҷаласа ҳамзамон соири масоили марбут ба рушди соҳаҳои мухталифи пойтахт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






