Мардум бо оби ошомиданӣ таъмин мегардад
Хоруғ. 28 феврал.(АМИТ «Ховар», Ҷ. Улфатшоев).- Бино ба иттилои сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои ВМКБ Шоҳзодаев Латиф бо оби тоза ё худ ошомиданӣ таъмин намудани мардуми вилоят хуб ҷараён дорад. Аз ҷумла, дар соли 2012 дар 15 деҳаи ноҳияи Ванҷ ба масофаи 56, 4 км хати обгузар кашида шудааст. Мутаносибан дар 20 деҳаи ноҳияҳои Дарвоз ва марказ ба масофаи 61,3 км, дар 20 деҳаи ноҳияи Рӯшон ва марказ ба фосилаи 64,5 км, дар 42 деҳаи Роштқалъа ва марказ ба масофаи 118,3 км, дар 17 деҳаи Ишкошим ва марказ ба масоҳати 59,9 км идораҳои дахлдор хати обгузар кашиданд ва дар таъмини аҳолӣ бо оби тоза саҳм гирифтанд. Дар маҷмуъ дар вилоят хати обгузар 521, 8 км ро ташкил медиҳад ва 99 504 нафар бо оби ошомиданӣ таъмин мебошад.








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






