«Марказҳои тайёрии кӯдакон – намунаи алтернативии таҳсилоти томактабӣ»
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-19 феврал дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзӯи «Марказҳои тайёрии кӯдакон ба мактаб – намунаи алтернативии таҳсилоти томактабӣ» бо ибтикори барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо шарикони худ — ташкилотҳои байналмилалии ЮНИСЕФ, Бунёди Оғо-Хон, сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати адлия, Вазорати молия ва Вазорати маорифи Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, намояндаҳои Пажуҳишгоҳи рушди маориф ва Институти ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф ва намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Тавре ки аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ Назархудо Дастамбуев, директори Департаменти маорифи Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иштирокдорони ҷамъомадро бо фаъолияти барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и ИҶК-БМТ дар масоили таҳсилоти томактабӣ тавассути таъсиси марказҳои тайёрии кӯдакон ба мактаб ва волидон ошно намуд. Дар ҷамъомад иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои худро нисбат ба барнома баён намуданд. Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз соли 2004 барои омода кардани кӯдакон ба мактаб дар манотиқи дурдаст ва дар он ҷойҳое, ки муассисаҳои томактабӣ вуҷуд надоранд, мусоидат менамояд.Зикр кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди маориф ва тарбияи насли наврас диққати махсус медиҳад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






