Машғулиятҳои тайёрии қумондонӣ
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Роҳбарияти созмони мудофиавии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ таваҷчӯҳи асосӣ зоҳир намуда, дар ин доира чорабиниҳои гуногуни таълимӣ ва тамриниро доир месозад.Чунин як ҷамъомади дурӯза бо ҳадафи дуруст азхуд намудани фанҳои асосии тайёрии қумондонӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Кумитаи марказӣ, сохторҳои сатҳи ҷумҳуриявии ТҶММ, ҷамъияти мудофиавии вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва минтақаи Рашт барпо карда шуд.Дар машғулиятҳои тайёрии қумондонӣ мавзуъҳои одоби салом кардан ва сухан гуфтан, тартиби пешниҳоди арзу шикоят, оростани саф ва қабули гузоришҳо, ҷавобгарии моддию маънавии хизматчиёни ҳарбӣ, тарзи таъйини наряди шабонарӯзӣ, интизоми ҳарбӣ ва усулҳои мустаҳкам намудани он, усулҳои ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои тайёрии сафороӣ ба иштирокдорон омӯзонида шуданд.Инчунин афсарону прапоршикони ширкатдошта бо хислатномаи асосии яроқи оташфишон ошноии мукаммал пайдо намуда, дар машқгоҳи тирпарронӣ маҳорати ҳадафи муайяншударо ба нишон гирифтани худро такмил доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






