Машқҳои тактикию ситодӣ дар Фахробод
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар машқгоҳи минтақаи Фахрободи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои ситодию тактикии воҳидҳои махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар доир гардид. Дар машқҳо Дастаҳои таъиноти махсуси милитсия ва бахшҳои он дар ҷойҳо, Ротаи махсус, Дастаи зудамали махсуси Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Воҳиди махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ротаи махсуси зудамали Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои қудратии мамлакат иштирок намуданд. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар машқҳо мутахассисони техникӣ ва мерганҳову нишонзанҳои варзида ҳунару маҳорати баланди ҷангии худро нишон дода, аз нақлиёти муосири зиреҳпӯши ҷангӣ, яроқҳои вазнини дастии истифодашавандаи гулӯлаандоз, пулемёту яроқҳои нишонзани «СВД» ва дигар яроқҳои оташфишон ба нишонаҳои махсус, аз тарзҳои гуногуни ҷангӣ, ҳангоми ҳаракат, дар ҷойи ист ва дар дигар ҳолатҳои хоси минтақаи кӯҳӣ оташ кушода, душманони шартиро безарар гардонида, нишонаҳоро зери ҳадафи тир қарор доданд. Машқҳоро вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналиев, муовинони вазири корҳои дохилӣ, мудофиа ва дигар ҳайати роҳбарикунанда назорат намуда, ба иҷрои машқҳо аз ҷониби воҳидҳои махсус баҳои баланд доданд.Ҳамчунин ба як қатор кормандони ҷавон омӯзиши истифодаи техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, оташкушоӣ ҳангоми ҳаракат ва дар минтақаҳои куҳӣ аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисон тавсияҳои муфид дода шуда, тарзи дурусту саҳеҳи истифода ва оташкушоӣ омўзонида шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






