Мубориза бар зидди коррупсия дар соҳаи тандурустӣ

Февраль 7, 2013 15:47

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Оид ба масъалаҳои марбут ба коррупсия дар соҳаи тандурустӣ, ҳамзамон омилҳои заминагузорандаи коррупсия ва роҳҳои бартараф намудани онҳо дирӯз дар Маркази миллии тиббӣ вохӯрии кормандони соҳаи тандурустӣ бо кормандони Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия баргузор гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ таҳлили муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ, ки зимни фаъолияти кормандони соҳа рӯи кор омадаанд, инчунин баррасии муҳтавои санадҳои алоқаманди тафтишотии мақомоти салоҳиятдори давлатӣ оид ба фаъолиятҳои молиявии муассисаҳои тандурустии кишвар доир гардид.Инчунин бо мақсади ташкил ва дар амал ҷорӣ намудани механизмҳои ташкилию ҳуқуқӣ, равонию ахлоқӣ, ки барои пешгирии самараноки фаъолияти коррупсионӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд, бо фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи зиддикоррупсионии соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2011-2012» тасдиқ гардида, амалӣ карда шуд.Ҷиҳати пайвастагӣ ва пайгирии фаъолият дар ин самт «Барномаи нави соҳавии мубориза бар зидди коррупсия барои солҳои 2013-2015» таҳия гардид, хабар дод манбаъ.

Февраль 7, 2013 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад