Мулоқоти Э. Раҳмон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флорро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, иҷтимоиёт ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуд.Аз рушди муносиботи сиёсии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, афзоиши гардиши мутақобилаи молу маҳсулот ва дигар робитаҳои судбахш, ки солҳои охир ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасмими Иттиҳоди Аврупоро барои таҳияи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 ва дар чаҳорчӯби он ба роҳ мондани механизми «Муколама оид ба амният»-ро дастгирӣ намуд.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзои Афғонистон ва ҳамгироии муштарак дар самти мубориза бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






