Мулоқоти Н. Салимов бо намояндаи ташкилоти Оғохон

Февраль 16, 2013 10:35

Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 14 феврал дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов бо намояндаи ташкилоти Оғохон оид ба рушд Акбар Алӣ Песнанӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вазорати тандурустии ҶТ хабар доданд. Намояндагии ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон аз соли 1993 фаъолият дорад ва то имрӯз лоиҳаҳои сармоягузории зиёдеро барои баланд бардоштани дастрасӣ ва сифати кӯмакҳои тиббию беҳдоштӣ ба аҳолии кишвар татбиқ намудааст.  Мавриди зикр аст, ки ин барномаи тандурустӣ дар тамоми ноҳияҳои ВМКБ ва чор ноҳияи вилояти Хатлон- Ховалинг, Муъминобод, Шӯрообод ва шаҳри Норак амал мекунад.Дар ҳамкорӣ бо ин ташкилот 21 муассисаи тандурустии ноҳияи Рӯшони ВМКБ таъмиру таҷҳиз гардида, 26 духтур, 35 ҳамшираи шафқат ва 4 тренер азнав омӯзонида шуд. Барнома барои ифтитоҳи маркази вилоятии омӯзишию клиникии тибби оилавӣ мусоидат намуд. Дар ин марҳила фаъолияти мазкур дар навоҳии Ховалинг, Муъминобод ва Шӯроободи вилояти Хатлон ба таври густурда роҳандозӣ гардидааст. Дар хатми мулоқот зикр шуд, ки ба наздикӣ татбиқи лоиҳаи нав барои гузаронидани корҳои таъмиру таҷҳизи зиёда аз 70 муассисаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 1,1 млн. доллари ИМА оғоз мешавад.  

Февраль 16, 2013 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад