Мулоқоти З.Зубайдов бо Юсуф ал-Бадер
Душанбе, 25 феврал (АМИТ «Ховар»).- 21 феврали соли 2013 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо директори минтақавии Хазинаи Кувайт оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо Юсуф ал-Бадер доир гашт. Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ибрози назар карданд. Тарафи кувайтӣ омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судманд дар Тоҷикистон иброз намуд. Ӯ махсус таъкид сохт, ки вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Хазинаи Кувайт, ки зимни сафари Президенти Тоҷикистон ба Кувайт доир гардид, барои густариши робитаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ дод. Инчунин Юсуф ал-Бадер ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистонро рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Кувайт номида, онро чун иқдоми назарраси Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо бо Кувайт баҳодиҳӣ кард.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






