Мусобиқаи волейбол бо ширкати сарбозон
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии литсеи ҳарбии Вазорати мудофиа мусобиқаи волейбол бо ширкати сарбозони мақомоти қудратии мамлакат баргузор гардид. Дар чорабинӣ 6 даста, ҳайати дастаҳои Полки комендантии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати ичрои ҷинояти Вазорати адлия, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлати амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо ҳам қувваозмоӣ карданд. Аз 6 дастае, ки дар чорабинӣ ширкат карданд, дастаи қисми ҳарбии 5453-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ сазовори ҷойи аввал, Бригадаи посбоникунандаи 6593-и Сарраёсати ичрои ҷинояти Вазорати адлия ҷойи дуввум ва Полки комендантии Вазорати мудофиа ҷойи саввумро сазовор гардиданд. Ғолибони чорабинӣ 21 феврали соли ҷорӣ дар Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» бо диплому туҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази кумитаи мазкур иттилоъ доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






