Нашри аввалин китоби таълимӣ оид ба муҳоҷират

Февраль 19, 2013 10:42

Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- «Муқаддимаи муҳоҷиратшиносӣ»- таҳти чунин ном матбааи АИ ҶТ «Дониш» китоби нави сиёсатшиносони тоҷикро аз чоп баровард.Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муаллифи китоб Моёншо Маҳмадбеков хабар дод, китоби мазкур дар ҳамдастӣ бо номзадҳои илми иқтисодӣ Парвиз Ҳакимов ва Сайалӣ Мирзоев омода шуда, дар он ҳамаи омилҳои муҳоҷират мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд. Ба иттилои муаллиф, дар солҳои охир таваҷҷуҳ нисбат ба дарки назарии масъалаҳои муҳоҷират дар Тоҷикистон меафзояд ва баррасии ин масъала дар давраи кунунӣ яке аз мавзуъҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. «Муқаддимаи муҳоҷиратшиносӣ» аввалин китоби таълимие мебошад, ки дар он паҳлуҳои мусбату манфии раванди муҳоҷирати аҳолӣ, сабабҳои муҳоҷират, шаклҳои муҳоҷирати аҳолӣ, методи баҳисобгирии муҳоҷиратӣ, сиёсати давлатии ҶТ дар бораи муҳоҷират, асосҳои қонунии раванди муҳоҷират ва дигар мавзуъҳои вобаста ба муҳоҷират инъикос гардидаанд.«Муайян намудани таъсири муҳоҷират, моҳият ва хусусиятҳои асосии он, қувваҳои ҳаракатдиҳанда ва муайянкунандаи рафтори муҳоҷирони корӣ, масъалаҳои асосие ба ҳисоб мераванд, ки бояд омӯхта шаванд», афзуд М. Маҳмадбеков ва илова намуд, ки китоби мазкур дар баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, кормандони давлатӣ, ки ба масъалаҳои муҳоҷират сарукор доранд ва он шаҳрвандоне, ки ба хориҷа барои кор мераванд, аҳамияти хосса дорад.

Февраль 19, 2013 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад