Нишасти «СУС ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» дар ИМА
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Дар Вашингтон 13 феврал бо ташаббуси Институти Осиёи Марказӣ ва Кавкази Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинзи ИМА нишасти коршиносон, таҳлилгарони сиёсӣ ва иқтисодӣ таҳти унвони «Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» барпо гардид. Дар чорабинӣ, ки зери раёсати роҳбари Институти Осиёи Марказӣ ва Кавкази донишгоҳи номбурда доктор Фредерик Старр шуруъ шуд, сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, доираи васеи мутахассисон, инчунин муовини ёвари Намояндаи савдои ИМА оид ба умури Осиё хонум Мара Бурр ва мудири бахши Осиёи Марказии ниҳоди мазкур хонум Лори Кюрӣ ширкат варзиданд. Зимни нишаст Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Нуриддин Шамсов ба ҳозирин оид ба раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС ба таври муфассал маълумот дод. Ӯ зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2001 ба СУС ба таври расмӣ ҷиҳати узвият ба ташкилоти мазкур муроҷиат кард. Моҳи июли соли 2001 Шӯрои Генералии СУС дар ҷаласаи худ дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуд ва оид ба таъсиси Гуруҳи корӣ ҷиҳати баррасии масъалаи дохилшавии Тоҷикистон ба СУС қарор қабул кард. Дар натиҷаи саъю талошҳои ёздаҳсолаи Ҳукумати кишвар, Тоҷикистон 2 марти соли ҷорӣ ба ҳайси узви комилҳуқуқи СУС шинохта мешавад. Таъкид гардид, ки бо воридшавии кишвар ба СУС зурурати бекор кардани иловаи қонуни Ҷексон-Веник нисбат ба Тоҷикистон, ки дар оянда ҷиҳати рушди самарабахши муносибатҳои тиҷоратию сармоягузорӣ миёни ИМА ва Тоҷикистон монеаҳои мушаххас эҷод хоҳад кард, пеш омадааст. Аз ин рӯ, изҳори умедворӣ карда шуд, ки Ҳукумат ва мақомоти дахлдори ИМА барои ҳарчи зудтар бекор кардани иловаи номбурда аз ҷониби Конгресси ИМА мусоидат хоҳанд намуд. Ҳамчунин зикр шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода аз узвият дар созмони мазкур, ба авлавиятҳои стратегии кишвар – ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳад кард. Муовини ёвари Намояндаи савдои ИМА оид ба умури Осиёи Марказӣ Мара Бурр Тоҷикистонро ба муносибати воридшавияш ба СУС аз номи Намояндаи савдои ИМА табрик кард ва изҳор дошт, ки ИМА ҳамкориро бо Тоҷикистон дар ин самт идома хоҳад дод. Ӯ таъкид сохт, ки зарфиятҳо ва имкониятҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Осиёи Марказӣ бузург буда, узвияти кишварҳои минтақа дар СУС ба раванди минбаъдаи пайвастани онҳо ба шабакаҳои тиҷоратии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.