Омодагии Бонки рушди Авруосиё ба маблағгузории соҳаи истеҳсоли орд
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи кунунӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса дар вилояти Суғд, ки аз ҷониби Бонки рушди Авруосиё маблағгузорӣ мешаванд, чанде қабл зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо муовини раиси раёсати бонки мазкур Канат Досмуҳаммедов мавриди баррасӣ қарор гирифт.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Қ. Расулзода ба ҷараёни ҳамкориҳои тарафайн баҳои мусбат дода, онро самарабахш арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки ба фаъолият шуруъ намудани яке аз корхонаи бузурги саноатии вилоят Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Олимтекстайлз» маҳз бо дастгирии молиявии Бонки рушди Авруосиё амалӣ гардидааст.Мавриди ёдоварист, ки тирамоҳи соли 2009, ҳамагӣ баъд аз чанд моҳи шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати иштирокдорони Бонки рушди Авруосиё, ин бонк дар кишвар ташкили корхонаи истеҳсоли нахи пахтаи аълосифатро бо иқтидори 5 ҳазор тонна дар як сол маблағгузорӣ кард. Лоиҳаи сохтмони фабрикаи нахбарории муосирро Ҷамъияти саҳомиии пӯшидаи «Олимтекстайлз» дар ноҳияи Мастчоҳ амалӣ намуд.Ҳаҷми умумии маблағгузории ин лоиҳа қариб ба 30 миллион доллари амрикоӣ баробар аст, ки саҳми иштироки Бонки рушди Авруосиё дар ин лоиҳа наздик ба 23 миллион доллар аст.Канат Досмуҳаммедов ба рушди бонизоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят баҳои баланд дода, омодагии бонкро бобати баррасии лоиҳаҳое, ки ба ташкили истеҳсолоти орд, макарон ва семент дар қаламрави вилояти Суғд дар назаранд, таъкид намуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






