Пешгирӣ аз чор ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони мақомоти амнияти миллии кишвар дар ҳудуди минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон ва Фурудгоҳи байналмилалии Кўлоб боз 4 кўшиши қочоқи маводи мухаддирро барбод доданд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз тарафи кормандони РКДАМ дар ВМКБ ва марзбонони Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Сулаймоншоев Тутишо Нуралишоевич, сокини деҳаи Буведи ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон боздошт гардид. Номбурда дар бозори наздисарҳадии «Тем»-и шаҳри Хоруғ бо Нурак ном шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар хусуси бар ивази 400 доллар дастрас намудани 240 грамм героин маслиҳат анҷом дода, бо кўмаки шаҳрванд Аҳмадбеков Фахриддин Тоҳирбекович маводи нашъаоварро ба манзили истиқоматиаш овардааст.Ҳодисаи дигари интиқоли маводи нашъаовар 21 феврал тавассути сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон дар ҳудуди деҳаи Пашори ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон пешгирӣ шуд. Дар натиҷаи тирпарронӣ марзшиканон ба самти Афғонистон фирор намуданд. Зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 70 килограмм ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Инчунин кўшиши убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистон дар ҳудуди деҳаи Шоҳони ноҳияи Шўрообод барбод дода шуд. Дар ҷараёни амалиёт қочоқчиён таҳти сарварии Низом валади Иброҳими 38-сола, сокини қарияи Каҷии улусволии Хоуни вилояти Бадахшон 2 борхалтаро бо 10 килограмму 850 грамм бангдона дар маҳалли воқеа партофта, ба тарафи Афғонистон фирор карданд.Рўзи 17 феврали соли равон кормандони ГФ РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо намояндагони Хадамоти гумрук дар «Фурудгоҳи байналмилалии Кўлоб» зимни бақайдгирии мусофирони хатсайри «Кўлоб-Москва» сокини шаҳри Кўлоб Акрамов Абдулҳамид Абдулмаҷидовичи 24-соларо бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт намуданд. Ҳангоми гузаронидни муоинаи тиббӣ дар меъдаи номбурда 38 бастаи полиэтилинӣ бо вазни умумии 335 грамм героин дарёфт ва мусодира гардид. Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки дар содир намудани ҷинояти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба Абдулҳамид Акрамов шаҳрвандон Зиёдов Баҳром Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Кўлоб ва Норқулов Файзиддин Рӯзимуродович, соли таваллудаш 1987, сокини ҳамин шаҳр кўмак расонидаанд. Онҳо ният доштанд, ки героинро тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Маскав интиқол диҳанд.Дар айни замон нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома доранд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






