Пешниҳоди маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Февраль 27, 2013 16:40

Душанбе, 27 феврал. (АМИТ “Ховар” Дилшодаи Хайрулло).-Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи феврали соли равон маърӯзаи навбатии Ваколатдори ҳуқуқи инсон ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод шуд. Дар маърӯза фаъолияти мақомоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар соли 2012, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор гирифта, дар он 93 тавсияи дахлдор барои беҳтар намудани вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пешниҳод гардид. Мақсади асосии маърӯза ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ,байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба пешрафт ва мушкилоти ҷойдошта дар бахши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин маърӯза тақозо менамояд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда дар роҳи татбиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф кардааст, тадбирҳои мушаххас андешанд.

Февраль 27, 2013 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст