Полковник Муродов: «Дастовардҳои Артиши миллӣ назаррасанд»

Февраль 18, 2013 17:07

 Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Имсол ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-сол пур мешавад.Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори шуъбаи пуррагардонӣ ва ҳисоби ҳайати шахсии Раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон полковник Юнусҷон Муродов суҳбате орост, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.-Қаблан 20-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ба Шумо таҳният мегӯем. Шумо аз рӯзҳои аввали ташкилёбӣ то имрӯз дар ҳайати Артиши миллӣ фаъолият менамоед. Нигоҳатон ба рафти рушду такомули Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар давоми 20-сол чӣ гуна аст? — Мо дар арафаи ҷашни 20-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҚМ ҶТ дар асоси қарори ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикисони соҳибистиқлол аз 23-юми феврали соли 1993 таъсис ёфта, то ба имрӯз се давраро аз сар гузаронидааст. Давраи аввал ин давраи ибтидоӣ ва ташкилшавии қисмҳои ҳарбии ибтидоӣ, муайян намудани маҳалҳои ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбӣ буда, давраи дуюм ин таъсиси навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва давраи сеюм давраи тақвияти фаъолияти ҚМ мебошад. Баъди паси сар кардани ин давраҳои муҳим мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Артиши миллии 20-солаи мо ҳам он шароиту имконотеро, ки имрӯз қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои дигар соҳибанд, дар даст дорад ва ба ҳамаи ашёву лавозимоти муосир таъмин аст. Ман ба боварӣ гуфта метавонам, ки артиши мо бехатарии мудофиавии Тоҷикистонро таъмин карда метавонад.-Шумо дар замони Шӯравӣ ҳам дар риштаи ҳарбӣ фаъолият доштед, дар замони истиқлол ҳам. Соҳаи ҳарбии мо аз замони Шӯравӣ чӣ тафовут дорад? — Албатта, тафовут зиёд аст. Имрӯз ҳар як хизматчии ҳарбӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, бо ифтихор мегӯяд, ки ман худамро хушбахт меҳисобам, ки Ватани худ, хоки аҷдодони хешро муҳофизат менамоям. Ин ҳам барои мо давлати бузург аст, зеро ҳамагон медонанд, ки ватандӯстиву ҳимояи марзу буми Ватан ҳам як гӯшаи имон аст. Боз ман ҳамчун афсари собиқадор, ки дар замони Шӯравӣ ҳам дар округҳои ҳарбии Ленинграду Урал фаъолият доштам, бо боварии комил мегӯям, ки он дастовардҳое, ки дар давоми 20-сол Қувваҳои мусаллаҳи ҷавони мо дар масъалаи таъминот, ҷойи хоби сарбозон, таъмини хӯроку либос соҳиб гардид, дар муқоиса ба Артиши вақти Шӯравӣ ҳам бештар аст ва дар рушди Қувваҳои мусаллаҳ заҳматҳои шоёни Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев бисёр назаррас аст.- Масъалаи кадрҳои ҷавон чӣ гуна аст? Оё метавон ба он ҷавононе, ки дар омӯзишгоҳҳои касбиву олии соҳаи ҳарбии кишвар таҳсил мекунанд, умед баст, ки дар рушди ояндаи Артиши миллӣ саҳмгузор хоҳанд буд?- Барои таълиму тарбияи навафсарон Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон диқкати махсус медиҳад. Метавон инҷо аз литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа ёдовар шуд, ки ба хонандагон маълумоти ибтидоии ҳарбӣ медиҳад ва пас аз хатми литсей онҳо метавонанд таҳсилашонро дар Донишгоҳи олии ҳарбӣ идома диҳанд. Ин донишгоҳ ба тарбияи афсарони касбӣ машғул аст ва имрӯз бо боварӣ метавон гуф, ки сатҳи таълиму тарбияи навафсарон дар ин донишгоҳ ба таври лозимӣ ба роҳ монда шудааст. -Ин чиз на танҳо ба Шумо, балки ба тамоми ҷомеа равшан аст, ки сатҳи хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ сол то сол беҳтар мешавад. Шояд бисёр бошанд ҷавононе, ки бо хоҳиши худ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат кардан хоҳанд…- Сафи Қувваҳои мусаллаҳ соле ду маротиба бо навдаъватшавандагон пурра гардонида мешавад. Таҷриба ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи шаҳрвандоне, ки бо хоҳиши худ ба сафи Қувваои мусаллаҳ мепайванданд, аз як даъват до даъвати дигар рӯ ба афзоиш аст. Боз як чизи дигарро гуфтан бамаврид аст, ки солҳои охир шумораи ҷавононе, ки баъди хатми макотиби олии кишвар шомили Қувваҳои мусаллаҳ шудан мехоҳанд, зиёд шуда истодааст. Ҷавонони кишвар дарк кардаанд, ки хизмат барои Ватан қарзи фарзандии ҳар яки онҳост.- Бахшида ба 20-солагии Артиши миллӣ баргузории маҳфилу чорабиниҳо дар қисмҳои ҳарбӣ низ ба роҳ монда шудааст?-Наздики як моҳ аст, ки дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ, сохторҳои Вазорати мудофиа ва дигар қисмҳои воҳидҳои ҳарбии сохторҳои қудратӣ тайёрӣ ба ин ҷашнвора бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ идома дорад ва дар ин доира баргузории чорабиниву озмунҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Гумон мекунам баргузории ин маҳфилҳо ба руҳияи аскарону афсарон ва хизматчиёни ҳарбии кишвар таъсири мусбат мерасонад. -Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

Февраль 18, 2013 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст