Рӯнамоии китоби «Меъмори сулҳ» дар ЮНЕСКО
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов). Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Париж, дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон— Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шудааст, баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар маросими муаррифии ин китоб раёсати ЮНЕСКО ва намояндагони давлатҳои узви ин созмони бонуфуз иштирок доштанд. Дар маросим намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО Рустам Солиев сухан гуфта, нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи ба даст овардани сулҳу оштии тоҷикон, бозгашти гурезагон ба кишвар ва рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон муассир арзёбӣ намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки намунаи сулҳи тоҷикон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидаву дар институтҳои ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷикон омӯхта мешавад. Гуфта мешавад, китоби «Меъмори сулҳ» моҳи сентябри соли гузашта дар Брюссел бо забонҳои англисиву фаронсавӣ ба нашр расида буд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






