“Разбор”-и муллоҳо не, талаби воқеият ҳамин аст…

Февраль 7, 2013 16:21

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Бузургмарде гуфта “одамиро ақл ҷони дигар аст….”. Фирдавсии бузург бисмиллоҳи “Шоҳнома”-ашро аз “Худованди ҷону хирад” оғоз мекунад, яъне ҳар амал ва ҳар гуфторе, ки поя дар хиради инсонӣ ва ахлоқи ҳамида дошта бошад, ба анҷом накӯ мешавад ва агар муқобили он бошад, бад аст. Чун аз Фирдавсӣ сухан оғоз кардем, бояд гуфта бошем, ки ин абармарди ростиву ҳақиқат дину давлатро ду гавҳари ба ҳам пайваста хондааст. Бидуни созиш ва пайванди ногусастании ин ду гавҳар зиндагии ободро касе дар масири таърихи башарият надидааст. Олимон ҳисоб кардаанд (масалан, ба осори файласуфи машҳури Фаронсаи қарни 18 Волтер муроҷиат шавад), дар тӯли 17 асри мавҷудияти масеҳият 17 миллион қурбони ҷаҳолат ва таассубу хурофот шудаанд. Яъне, ба ҳар аср як миллион нафарӣ рост меояд. Омили дину мазҳаб омили зиндагисоз аст, агар низом ва муқаррароташ риоят шавад, вале чун ихтилофе, низое, муноқишае сар бизанад, беҳтарин сарзаминҳо ва мулкҳоро хароб хоҳад кард. Яъне. бадтарин ихтилоф ихтилофест, ки дар заминаи дину мазҳаб сар мезанад. Мо ҳама таҷрибаомўзони таърихем, бояд аз таҷрибаи пешиниён ибрат гирем ва ба ҳар ҳарфи созанда гӯш бидиҳем. Рўдакии бузургвор беҳуда нагуфтааст, ки:Бирав, зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир,Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.Мо ба дониши комил ва андешаи солими муаллифи мақолаи “ Разбори муллоҳо….” шубҳа надорем, чун аз рўзгори Ҳазрати Муҳаммад (с) сухан мегўяд ва изҳори ташвиш дорад, ки ин қадар олимони илми худовандӣ аз куҷо пайдо шудаанд, ки сари масъалаи фатво хони баҳс меороянд… Як ҷумлаи муаллифи мақола хеле воқеъбинона аст: “ Ба гумонам, дар ин замона сари калобаи ҳама гум шудааст ва ҳар кас ба тариқи худ аз дину оин мегўяд ва амал мекунад…”. Ин ҷумла ба муалифи мақола ҳам дахл дорад, вагарна “озодии ақидаву баён”-ро асос оварда, бидуни дониши бунёдии фиқҳӣ ва ақидатӣ ба муҳтавои Муроҷиатномаи Шўрои уламо назари муғризона афкандан чӣ лозим буд? Ҳар санаде, ки аз рўзгори Пайғамбари гиромии ислом, Имом Фузайл ва Ибни Раҳовайҳ муаллиф меорад, ҷои шакку шубҳа надорад, аммо аз нигоҳи иҷтимоӣ ва тарвиҷи мазоҳибу адён ба вуҷуд омадани садҳо равия ва тариқаҳои мазҳабӣ, таҳаввули улуми инсонгароӣ ва даҳҳо омилҳои пешрафти хиради башарӣ он рўзгор ва он муносибатҳоро ба имрўз кашидан ғайримантиқист. Ақли солим бояд, то ба назари Раҳовайҳ, ки мегўяд: “Ман 50 сол боз олими воқеиро надидаам…” дар мазраи тафаккур дарк шавад. Ин замона замонаи Раҳовайҳи бузург нест, замоне ҳаст, ки аҳли илм аз тариқи ба сайёраҳои дигар кашидани башарият баъди фурўпошии офтоб андеша мекунанд… Ривоҷи илм ба дараҷаест,ки метавон аз ҳар навъи он садҳо мисол овард. Дигар эроди муаллифи мақола дар хусуси тазкия доштани олимони фатводиҳанда аст. Муаллиф воқеиятро аниқ ба назар намегирад, вагарна мегуфт, ки ин тазкияро дар рўзгори мо кӣ ҳаққу ҳуқуқи пешниҳод кардан дорад. Магар дипломи хатми донишгоҳи исломӣ (ҳам аз мо ва ҳам аз донишгоҳҳои муътабари кишварҳои исломӣ) далели тазкия шуда наметавонад?. Далели сеюми мунаққид тамоман асос надорад, танҳо барои васеъ намудани ҳаҷми мақола истифода шудаасту халос. Яъне, олимони илми худовандӣ бояд бузургсол бошанд. Ягон нафар аз аъзои Шӯрои уламои кишвар аз 35-у 40 пойин нестанд, яъне ҳама олимони солхўрда ва таҷрибадор мебошанд. Ин далели муаллиф танҳо дар омади гап баён шудааст ва ба муаммои фатво рабте надорад.Хуб дигар далеле нест, ки шоистаи ҷавоб гуфтан бошад. Ҷумлаи аввали мақолаи муаллиф ибораи подарҳавои “дарди сиёсии популизм” дорад. Мақсад – Шўрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ҳамин гуна дард пайдо кардааст… Агар ин муаллиф матни муроҷиатномаи Маркази исломиро мунсифона (на аз пушти айнаки сиёҳ) мехонд, таассуроти дигар мегирифт. Ин ҷо на популизм, балки пешгирӣ аз муноқишот дар заминаи судури фатво ва ҳама гуна ҳукмҳоест, ки ваҳдати муслиминро дар пояи мубораки мазҳаби ҳанафӣ халалдор мекунад. Ҳадаф ислоҳи вазъиятест, ки набояд густурда шавад, набояд ҳар ҳарфе, ки хоҳ аз ислом комилан огоҳ асту хоҳ иттилои камтар дорад, фатво диҳад, бояд низоми исломии мусалмонон дар пасманзари қонунҳои давлати демокративу ҳуқуқӣ ва ғояи ваҳдати миллӣ риоят шавад. Агар ин аҳдоф ба қавли муаллифи мақола “популизм” бошад, вой бар ҳоли он соҳиби тафаккур…Дар ин хотима ду мисол меорем, зеро ба доно як ишорат бас аст. Дар Қуръони карим омадааст, ки “ Фасалу аҳла зикр ин кунтум ло таъламун” ( Шумо аҳли корро (манзур – шахси масъулро) бипурсед, агар чизеро намедонед”. Маркази исломии Тоҷикистон ягона маркази исломиест, ки Шўрои уламои иборат аз донишмандони улуми исломӣ дорад ва бидуни шубҳа, ба ҳама муаммоҳои ақидавию мазҳабӣ ҷавоб дода метавонад. Дигар ин ки дар ояи 59-уми сураи Нисо Худованди донову тавоно мегўяд, ки “Атиъуллоҳа ва атиъу Расула ва улил амри минкум”, яъне бандагии Худо ва итоати Расули Ўро ба ҷо оваред ва ба улил амр фармонбарӣ кунед. Дар ин ояи муборак истилоҳи “улиламр” тафсирталаб аст. Чун давлати Тоҷикистон давлати демократӣ ва дунявист, ду ниҳод метавонад улиламр бошад, дар соҳаи дин — Шӯрои уламо, ки беҳтарин донишмандон ва фақеҳонро гирд овардааст ва дар соҳаи давлатдорӣ ва сиёсат — Сарвари давлатро, ки он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон мешавад. Таҷрибаи ҳамаи кишварҳое, ки мисли мо сохти демокративу ҳуқуқӣ доранд, исбот мекунад, ки дар ҳалли ҳама масоили динӣ, хоссатан ақидавию фатвоӣ мардум ба Марказҳои расман эътирофшудаи исломӣ муроҷиат мекунанд ва дар пешбурди давлатдорӣ сиёсатҳои сарварони хешро дастури амал қарор медиҳанд.Дар ин авохир таъкиди як нукта лозим аст. Манфиати Маркази исломӣ манофеи кулли мусалмонони ҷумҳурист ва дари Шўрои уламои он барои мубоҳисаву суҳбат ва ҳамоиши донишмандон ҳамеша боз аст. Ҳар касе, ки мехоҳад назари фардии хешро дар масъалаи ақида ё фатво бигўяд, беибо метавонад ҳама гуна хусумат ва ё эҳсоси бузургманишии хешро ба хотири парешон накардани ҷамъияти муслимин як сў гузошта, ба Шўрои уламо биёяд ва изҳори назар кунад. Муҳаммад Иқболро ба хотир биёрем, ки мегўяд: “Ҷамъияти куфр аз парешонии мост…” Боқӣ Худованд ҳамаамонро тавфиқи ба ҳам овардани мардумро насиб гардонад.Корманди Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. А.Мустафоқулов.

Февраль 7, 2013 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид