Самари ташаббусу ғайрат
Турсунзода, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Солҳои тӯлонӣ сокинони деҳаи Шӯрхоки шаҳри Турсунзодаро вайрон будани баъзе қисматҳои роҳ азият медод. Бо мақсади осон кардани равуои ҳамдеҳагон сокини ҳимматбаланди ҳамин деҳа Абдусаттор Қодиров пасандозҳои худро, ки барои ҳаҷ рафтан ҷамъ карда буд, ба ободии роҳ сарф кард. Ин иқдоми ҳамдиёри ҷавонмардашонро ҳамдеҳагон бо хушнудӣ пазируфтанд ва ба ҳашари умумӣ баромада, дар сангфаршу қумфарш кардани роҳ саҳми арзанда гузоштанд. Дар ин кори хайру савоб директори Корхонаи фаръии «Алюминсохтмон» Бобоалӣ Табаров низ саҳми муносиб гузошт. Дар сафарбар кардани мардум саҳми омӯзгори варзида, раиси Кумитаи маҳаллаи деҳаи Шӯрхок Мирзоалӣ Бозоров хеле калон аст.Деҳаи Шӯрхок дар масофаи 25 километр дуртар аз маркази шаҳри Турсунзода дар ҷои хеле хушбоду ҳаво ҷойгир буда, бо гулу гиёҳҳои шифобахш ва меваҳои лазизу шаҳдбораш ном баровардааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар деҳаи мазкур корхонаи хурди истеҳсоли «Равғани арча» сохта шуда буд, ки ярадорони ҷангро бо ин равған табобат мекарданд. Ҳамчунин он солҳо дар деҳаи мазкур кони ангишти Тошқӯтан фаъолият мекард, ки дар кори бо маводи сӯхт таъмин кардани аҳолӣ саҳми муносиб дошту дорад. Инчунин дар солҳои 70-уми асри 20 дар деҳаи Шӯрхок ба парвариши оҳуи холдор шурӯъ карданд, ки аз шохи он доруи қимматбаҳо- панкреотин истеҳсол мешавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






