Т.Назаров – профессори фахрии Академияи миллии ҶМЧ

Февраль 28, 2013 15:51

Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар»). — 26 феврал дар Академияи миллии стратегияи иқтисодии Чин ҷаласаи васеи шӯрои илмӣ баргузор гардида, дар он ба олими маъруфи тоҷик ходими давлатию ҷамъиятӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров диплом дар бораи ба мавсуф додани унвони «Профессори фахрӣ» супурда шуд. Президенти Академия профессор Гао Пейон зимни суханрониаш зикр намуд, ки ҳукумати Чин ба рушди муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Мавсуф аз аз дастовардҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Тоҷикистон муфассал нақл кард.Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶМЧ Рашид Олимов олимони иқтисоддони Чинро даъват намуд, ки ҳамкориро бо олимони тоҷик густариш бахшида, равобитро бо муассисаҳои илмии бахши иқтисоди Тоҷикистон ривоҷ диҳанд.Қобили зикр аст, ки Талбак Назаров аввалин олими соҳаи иқтисодиёти давлатҳои Осиёи Марказист, ки бо унвони «Профессори фахрӣ» — и Академияи стратегияи иқтисодии Чин сарфароз шудааст. Академияи миллии стратегияи иқтисодии Чин муассисаи тадқиқоти илмӣ ба шумор рафта, моҳи июни соли 1978 бо дастури «падари ислоҳоти Чин» Дэн Сяопин таъсис ёфта буд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Февраль 28, 2013 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст